ҶДММ “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ”

 Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” яке аз ширкатҳои муваффақ дар соҳаи васлкунӣ, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ дар Тоҷикистон мебошад. Он моҳи июли соли 2017 таъсис дода шудааст. Новобаста аз он, ки ҶДММ “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” нисбатан нав таъсис дода шудааст, аммо дар ин муддати кутоҳ худро ба ҳайси як ширкати масъулиятшинос ва қобили эътимод дар байни муштариён ва шарикони соҳа муаррифӣ намудааст.

 ҶДММ “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” дар бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ гирифтааст. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2017 ба ҶДММ “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” иҷозатнома таҳти №200 оиди васлкунӣ, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ додааст.

Яке аз самтҳои фаъолияти ҶДММ “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” воридсозӣ ва фуруши маҳсулоти нурафкан ва равшанидиҳанда аз дигар кишварҳо, аз ҷумла аз Федератсияи Русия мебошад. Лампаҳои светодиодии истеҳсоли Федератсияи Русия, ки аз ҷониби ин ширкат ба кишвар ворид карда мешаванд, дар байни харидорон маъруфият касб кардаанд.

Нишонии ҳуқуқии ширкат: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кучаи С.Шерозӣ, бинои 19 мебошад.

Телефон: 935 10 44 01; +992 37 233 99 63

Электронная почта: info@bl-g.tj

aaaaaaaaaaaa

svetoservis Opora Galad Bl-Trade LIN

Суроғаи мо

Технологияи барқӣ ва бехатарӣ

С.Шерози 19, Душанбе, Тоҷикистон
Телефон: (‎+992) 935104401, 935087270,  ‎+79264491173
E-mail: info@bl-g.tj

Тамос бо мо:

Ном:*

Email:*

Телефон:*


BL Group CH FB LiveJ Youtube

Тоҷикӣ Русский