САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ХОЛДИНГ:

    • Лоиҳакашӣ ва тарҳрезии рушноии объектҳои гуногун;
    • Лоиҳакашӣ ва тарҳрезии асбобҳои нурафкан;
    • Лоиҳакашии конструксияҳои металӣ бо таъиноти мухталиф;
    • Лоиҳакашии ҷевонҳои идоракунии дастгоҳҳои нурафкан;
    • Истеҳсоли асбобҳои нурафкан;
    • Истеҳсоли конструксияҳои металӣ бо таъиноти мухталиф;
    • Истеҳсоли ҷевонҳои идоракунии дастгоҳҳои нурафкан;
    • Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои СХИ-и (системаи худкори идоракунанда) рушноии меъмории беруна, статикӣ ва динамикӣ;
    • Амалисозии корҳои сохтмонию-васлкунӣ ва бакорандозӣ;
    • Хизматрасониҳо ҳангоми истифодабарии дастгоҳҳои нурафкани гуногун;
    • Хизматрасониҳо ҳангоми истифодабарии шабакаҳои баландшиддат;
    • Хизматрасониҳо ҳангоми истифодабарии системаҳои телемеханикии идоракунии рушноии беруна;
    • Фуруши дастгоҳҳои рушноӣ ва дигар конструксияҳои металӣ бо таъиноти гуногун.
    • Таҳияи нармафзор барои тарҳрезии намудҳои гуногуни рушноӣ ва ҳисобкунии арзиши истифодабарии (хизматрасонии техникӣ) унсурҳои хатҳои рушноии барқӣ.

text

Корпоратсияи байналмилалӣ техникаи рушноии «БООС ЛАЙТИНГ ГРУПП»  дорои захираҳои тадқиқотӣ, муҳандисӣ ва истеҳсолӣ мебошад, ки имкон медиҳад корҳои тарҳрезӣ, истеҳсол, таҳвили таҷҳизот, васлкунӣ ва дастгирии техникии системаҳои рушноӣ дар давраи истифодабарии онҳо барои муштариён анҷом дода шавад.

Тайи ду даҳсолаи охир ширкатҳои Корпоратсия тақрибан 6700 лоиҳаҳоро иҷро кардаанд ва беш аз 6400 объектҳоро пурра татбиқ намудаанд. Ҳар сол беш аз 1000 иншоот мавриди тарҳрезӣ ва васлкунӣ қарор мегирад, беш аз 630 000 нуқтаҳои рушноӣ, тақрибан 300  зеристгоҳҳои баландшиддат ва на камтар аз 25 000 км шабакаҳои барқии тақсимкунанда  ба кор андохта мешавад.

Зиёда аз 4 300 нуқтаи озуқаворӣ ва қариб 300 объекти равшансозии меъморӣ-бадеӣ бо системаи мутамаркази идораи фосилавӣ ва назорат  фаро гирифта шудааст.

Шумораи кормандони Корпоратсия – тақрибан 5 000 нафарро ташкил медиҳад.

Майдонҳои истеҳсолии корхонаҳои Корпоратсия 40 000 метри мураббаъро дар бар мегиранд.

Корхонаҳои Корпоратсия навъҳои зиёди таҷҳизоти техникаи рушноиро таҳти тамғаи тиҷоратии GALAD ва OPORA ENGINEERING истеҳсол мекунанд. Дар ҳоли ҳозир иқтидори истеҳсолии БЛ ГРУПП имкон  медиҳад, ки дар як сол беш аз 1,5 миллион чароғпоя, қариб 1,5 миллион дастгоҳҳои танзимкунандаи бакорандозӣ (пускорегулирующий аппарат, ПРА), тақрибан 65 000 адад конструксияҳои металӣ, аз ҷумла пояҳои чароғҳо, ва на камтар аз 25 000 поя (кронштейн) истеҳсол карда шавад.

Аз соли 1996 Корпоратсия машғули таҳияи нармафзори худ барои тарҳрезии намудҳои гуногуни рушноӣ мебошад. Дар соҳаи рушноии беруна аз соли 2003  барномаи Light-in-Nightистифода бурда мешавад, ки барои тарҳрезии рушноии роҳҳо ва кучаҳо, чорсуҳои нақлиётии бисёртабақа, майдонҳо, сатҳи ҳавлиҳо, ҳудудҳои боғҳо пешбинӣ шудааст. Ин ягона нармафзори иҷозадодашуда дар соҳаи техникаи рушноӣ дар Русия мебошад.

Дар самти истифодабарӣ ва баҳисобгирии қувваи барқ системаи худкори иттилоотӣ-ченкунии баҳисобгирии тиҷоратӣ (АИИСКУЭ) таҳия карда шудааст ва истифода бурда мешавад, ки бо ёрии он баҳисобгирии неруи барқи истеъмолшуда  дар объектҳо, мониторинги ҳолати шабакаҳо ва сифати неруи барқ анҷом дода мешавад.

Ба ҳайати БЛ ГРУПП 12 ширкати махсусгардонидашуда, аз ҷумла Гуруҳи ширкатҳои «Светосервис», ки бо он ташаккули Корпоратсия оғоз гардидааст, 5 дафтари минтақавӣ ва 5 корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ бо таърихи зиёда аз ним аср дохил мешаванд. Дар бозори Аврупо Корпоратсияро ширкати BL Group Europe GmbH (Олмон, Испания) намояндагӣ мекунад.

Гуруҳи ширкатҳои «Светосервис»  иттиҳодияи пешрави русиягӣ дар соҳаи равшансозии шаҳрҳо бо сикли пурраи корҳо мебошад, аз ҷумла: лоиҳакашӣ, васлкунӣ ва хизматрасонии дастгоҳҳои рушноӣ.

GALADиттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба тавлиди таҷҳизоти техникаи рушноӣ, аз ҷумла чароғпояҳо, прожекторҳо, дастгоҳҳои танзимкунандаи бакорандозӣ (ПРА) мебошад. Дар заминаи ду корхонаи бузурги техникаи рушноӣ —  ҶДММ Корхонаи «Светотехника»-и Лихославлский ва ҶСК «Корхонаи техникаи рушноии Кадошкинский» -таъсис дода шудааст

Ширкати «ОПОРА ИНЖИНИРИНГ» маҷмуаи саноатӣ  бо сикли пурраи истеҳсоли намудҳои зиёди конструксияҳои металӣ, пояҳои чароғҳо ва пояҳо мебошад.

Ширкати МСК «БЛ ГРУПП»  — дистрибютори истисноии тамғаҳои тиҷоратии GALAD ва OPORA ENGINEERING. Муштариёни мо аз  шабакаи сершохаи дилерӣ иборатанд, ки ба паҳн намудани  маҳсулоти корпоратсия дар тамоми қаламрави Русия ва кишварҳои ИДМ машғул мебошанд.

svetoservis Opora Galad Bl-Trade LIN


BL Group CH FB LiveJ Youtube

Тоҷикӣ Русский