РУШДИ КАСБӢ

Сирри асосии муваффақияти Корпоратсияи мо ин кормандони он мебошанд. Маҳз онҳо ҳиссаи бузурги худро дар раванди ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда мегузоранд. Барои мо хеле муҳим аст, то кормандони ширкати мо барои амалӣ намудани зарфиятҳои худ, рушди касбӣ ва пешравӣ намудан ҳамроҳ бо мо ҳамеша имконият дошта бошанд.
Аз ин ру, ғамхорӣ нисбат ба кормандон ва рушди касбии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати кадрии мо маҳсуб мешавад.

ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

Повышение квалификации

Корхонаҳои Корпоратсияи мо бо муассисаҳои таълимии олии пешрав дар соҳаи техникаи рушноӣ ҳамкории зич доранд.
Дар Корпоратсияи мо ҳар сол қариб 20 донишҷуён-мутахассисони соҳаи техникаи рушноӣ аз Донишкадаи энергетикии Маскав (МЭИ) таҷрибаомузӣ мекунанд. Мутахассисони ҷавон аз Факултаи энергетикаи Донишгоҳи давлатии агромуҳандисии Маскав ба номи В. П. Горячкин (МГАУ) кор мекунанд.
Дар доираи лоиҳаи «Омодасозии кадрҳои баландихтисос» корхонаҳои истеҳсолии мо ҶДММ «ЛЗСИ» ва ҶСК «КЭТЗ» на танҳо бо муассисаҳои таълимии олӣ, балки бо коллеҷҳо ва техникумҳо дар минтақаҳои худ ҳамкорӣ доранд. Ҳар сол дар корхонаҳои мо шумори зиёди донишҷуён ва мутахассисони ҷавон таҷрибаомузии истеҳсолӣ ва таҷрибаомузии амалии худро мегузаронанд.
Тақрибан 15% аз таҷрибаомузон, ки худро ҳамчун кормандони масъул, иҷрокунандаи корҳо ва мутахассисони ҷавони омода барои рушд нишон медиҳанд, дар корхонаҳои Корпоратсия кор пайдо мекунанд ва ба аъзоёни комилҳуқуқи коллектив табдил меёбанд.
Дар бисёре аз корхонаҳои мо ҷойҳои корӣ барои донишҷуён ва мутахассисони ҷавон таъсис дода мешаванд (масалан ихтисосҳои электромонтёр-шогирд). Мо фахр мекунем, ки ҳар сол теъдоди чунин ҷойҳои кори бештар мегардад.

Ғайр аз ин, дар заминаи МЭИ дар назди Донишкадаи умумирусиявии илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳавӣ-конструктории техникаи рушноӣ (ВНИСИ) ба номи С. И. Вавилов аспирантура аз руи ихтисоси «Техникаи рушноӣ» амал мекунад, ки дар он кормандони мо таҳсил менамоянд.
Ҳамкории дерина ва зич бо донишкадаи пешрави соҳаи техникаи рушноӣ ба кормандони мо имкон медиҳад, ки ба фаъолиятҳои илмӣ ва табодули таҷрибаи нодир бо мутахассисони пешрави соҳаи тезникаи рушноӣ дар Русия ва дар хориҷа машғул шаванд.

ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Повышение квалификации

Баланд бардоштани ихтисоси кормандон ва банақшагирии пешравии онҳо дар кор яке вазифаҳои афзалиятнок ва асосии дигари рушди тиҷорати мо мебошад. Мо бо омодагӣ  ҳама гуна ташаббусҳо оиди худинкишофёбиро дастгирӣ мекунем, барномаи маҷмаавии таълим ва рушди касбиро таҳия намудаем ва фаъолона татбиқ менамоем, ки он ба такмили хусусиятҳои касбӣ ва инфиродии кормандони мо равона карда шудааст.
Дар давоми соли гузашта 80%-и кормандони мо дар курсҳо, тренингҳо ва барномаҳои омузишӣ бо мақсади рушди сатҳи тахассуси онҳо ширкат карданд. Зиёда аз 30 мутахассисон дар корхонаҳои истеҳсолӣ соҳиби ихтисосҳои ба ҳам наздик шудаанд. Беш аз 10%-и  кормандони Корпоратсия дар натиҷаи тафтиши ҳарсолаи малакаҳои корӣ ба вазифаҳои болотар гузаронида шудаанд.

МО ЧУНИН АФЗАЛИЯТҲОРО БАРОИ КОРМАНДОН КАФОЛАТ МЕДИҲЕМ

  • Ҳифзи иҷтимоӣ ва риояи бечунучарои меъёрҳои қонунгузории меҳнатӣ дар ФР;
  • Мукофотпулии рақобатпазир ва устувор;
  • Имконияти рушди касбӣ;
  • Баланд бардоштани тахассуси касбӣ ва омузиш;
  • Таъминот бо ҷои кори муосир;
  • Муносибат бо эҳтиром ва коллективи ба ҳам дӯст;
  • Иштирок дар чорабиниҳои корпоративӣ ва варзишӣ.

БА ҲАМКОРӢ ДАЪВАТ МЕНАМОЕМ

Муваффақият ва суботи кори Корпоратсия бевосита аз кордонӣ ва уҳдадориҳои кормандон вобаста аст. Аз ин ру, мо ба ҷалби мутахассисони ҷавон, ташаббускор ва болаёқати омода барои такмили дониши касбӣ  ва андухтани таҷриба манфиатдор мебошем. Барои тамос бо мо тавассути почтаи электронӣ муроҷиат кунед ва ё занг занед. Маълумот барои тамос дар бахши тамос оварда шудааст.

svetoservis Opora Galad Bl-Trade LIN


BL Group CH FB LiveJ Youtube

Тоҷикӣ Русский