Корпоратсияи байналмилалӣ техникаи рушноӣ 
"БООС ЛАЙТИНГ ГРУПП" ва
 Созмони умумирусиявии ҷамъиятии 
"Иттиҳоди тарроҳони Русия" барои омода намудани 
тарҳи чароғпоя ё хати чароғпояҳо бо шеваи 
"Даврони Пушкин" озмун эълон мекунад.

 

Ба шахсиятҳои эҷодӣ – мухлисон ва мутахассисон, тарроҳон, меъморон, донишҷуен ва мактаббачаҳо пешниҳод карда мешавад, ки тарҳи чароғпояро омода ва барои озмун ироа кунанд.
Ин озмун барои эҳтиромгузорӣ ба фарҳанги беназири Русия ва эҷодиёти шоири бузурги рус А. С. Пушкин ташкил шудааст.

Ҳадафи озмун – аз таҳияи тарҳи чароғпояҳо барои равшанидиҳии маҷмааи Осорхонаи давлатии санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкин (ГМИИ ОДСТ ба номи А. С. Пушкин) иборат мебошад.
Озмун 2 бахшро дар бар мегирад:

Бахши 1. «Беҳтарин чароғпояи классикӣ»

Бахши 2. «Беҳтарин ҳалли маҷмаавӣ»

Ҳайати ҳакамони озмун
Интихоби ғолибон аз ҷониби ҳакамони ваколатдор анҷом дода мешавад, ки ба ҳайати он намояндагони Иттифоқи тарроҳони Русия, МСК «БЛ ГРУПП», Донишкадаи ДУИТТР ба номи С. И. Вавилов, ДИТ «МЭИ», ҶДММ «Светопроект», истеҳсолкунандагони маҳсулоти техникаи рушноӣ, кормандони ОДСТ ба номи А. С. Пушкин ва ғайра дохил мешаванд.
Ғолибон имконият пайдо мекунанд, ки якҷоя бо коллективи таҳиягарон ва конструкторони МСК «БЛ ГРУПП» дар раванди тавлиди хати нави чароғпояҳо иштирок кунанд, ки баъдан дар корхонаҳои корпоратсия дар Русия истеҳсол карда хоҳад шуд.
Номи пурраи озмун: озмун барои беҳтарин тарҳи чароғпояи «Даврони Пушкин».
Ба иштирок дар озмун даъват карда мешаванд: ҳамаи хоҳишмандон бидуни маҳдудият аз руи синну сол ва мансубияти касбӣ.
Бо ғолиб шартнома дар бораи бегона кардани ҳуқуқҳои истисноӣ ба лоиҳаи эҷоднамудаи ӯ баста мешавад. Мукофот ба ғолиб барои таслим намудани ҳуқуқи истисноӣ ба истифодабарии лоиҳаи эҷоднамудаи ӯ:

·          дар бахши якум: аз : от 70 000 до 250 000 рублей;

·          дар бахши дуюм: аз : от 250 000 до 1 000 000 рублей;

Муҳлати гузаронидани озмун:

·          11 декабри соли 2017 – паҳнкунии маълумот дар бораи гузаронидани озмун дар шабакаи Интернет.

·          аз 18 декабри соли 2017 то 20 феврали соли 2018 – бақайдгирии иштирокчиён ва ҷойгиркунии лоиҳаҳо;

·          20 феврали соли 2018, соати 23:59 бо вақти Маскав – анҷоми бақайдгирии иштирокчиён ва пешниҳоди лоиҳаҳо;

Санаи эълони натиҷаҳо: 01 марти соли 2018.

Ташкилкунанда: МСК «БЛ ГРУПП».
Ҳамташкилкунанда: ҶДММ «Иттиҳодияи тарроҳони Русия»
Таъминоти молиявӣ: МСК «БЛ ГРУПП»
Дипломҳои лауреатҳо: ҶДММ «Иттиҳодияи тарроҳони Русия»
Тамос:Контакты: оид ба масъалаҳои ташкил ва гузаронидани озмун ба Олга
Купершмидт муроҷиат кунед: +7 (495) 780-63-61 доб. 31-28, e-mail:ovk@bl-g.ru
Бо низомномаи пурраи озмун шумо метавонед тавассути пайванди зер ссылке шинос шавед
Мо интизори пешниҳодҳои шумоем! Далер бошед!​​

svetoservis Opora Galad Bl-Trade LIN


BL Group CH FB LiveJ Youtube

Тоҷикӣ Русский