Дар бораи ширкат

Дар бораи Корпоратсияи байналмилалии техникаи рушноии «БООС ЛАЙТИНГ ГРУПП» (МСК «БЛ ГРУПП») — бузургтарин иттиҳодия дар бозори техникаи рушноӣ дар Русия, ки дорои тамоми захираҳои зарурии тадқиқотӣ, муҳандисӣ ва истеҳсолӣ мебошад . Ин корпоратсия корҳои бо ҳама гуна сатҳҳои мураккабӣ оид ба тарҳрезӣ, истеҳсол, таҳвили таҷҳизот, васлкунӣ ва дастгирии техникии системаҳои нурафкан дар тули истифодабарии онҳоро ба таври касбӣ иҷро менамояд.

Солҳои 2016-2017-ум барои Корпоратсия солҳои ҷашнгирӣ буданд: дар ин солҳо Корхонаи электротехникии Кадошкинский 50-сола шуд, Корхонаи маснуоти нурафкани Лихославлский 70-солагии худро ҷашн гирифт, аз замони шуруи кори корхонаи «ОПОРА ИНЖИНИРИНГ» 10 сол пур шуд ва, ниҳоят, худи корпоратсияи «БЛ ГРУПП» 25-солагии худро таҷлил намуд.

Таърихи рушди корпоратсияи БЛ ГРУПП

Соли 1991. Ширкати «Светосервис» ба бозори электротехникии Маскав бо пешниҳоди маҷмуи хизматрасониҳо оид ба тарҳрезӣ, васлкунӣ ва истифодабарии дастгоҳҳои нурафкани тамоми намудҳои рушноӣ ворид гардид. Муносибати усулан нав ва навоварона ба ташкили корҳои корхона, сифати хизматрасониҳо, имкониятҳо ва навигониҳои роҳҳалҳои маҷмуӣ барои рушди минбаъдаи ширкат шароит фароҳам намуданд.

Соли 1994. Ҳукумати Маскав дар бораи таъсиси муҳити ягонаи рушноӣ дар  шаҳр қарор қабул намуд. Шаҳр, ки бо фаро расидани шом ба коми торики фуру мерафт, мебоист дубора эҳё мешуд: барои сокинон равшан, зебо, бехатар ва бароҳат мегардид. Ин корҳо амалан аз сифр шуруъ мешуд. Дар шаҳр қаблан рушноии меъморӣ аслан вуҷуд надошт, дастгоҳҳои мавҷудаи аз зер бо усули идона равшанкунандаи биноҳо аз назари маънавӣ ва моддӣ куҳна шуда буданд ва аксаран фаъол набуданд.
Аммо ягон ширкате пайдо нагардид, ки барои иҷрои тамоми силсилаи корҳо, шуруъ аз лоиҳакашӣ то бакорандозӣ, қодир бошад ва ба ин васила супориши ҳукумати Маскавро ба таври фаврӣ ва босифат иҷро намояд. «Светосервис» ягона корхона буд, ки ҷуръат намуд ва масъулияти таъмини рушноии меъморӣ-бадеии ҳама гуна иншоотҳо дар пойтахтро бар душ гирифт. Дар арафаи соли 1994 нахустин объект — меҳмонхонаи «Украина» ба истифода дода шуд.

Аз он замон рушноии меъморӣ-бадеӣ муҳимтарин бахши кори ширкат гардид. Корхонаи илмию истеҳсолии техникаи рушноии «Светосервис» борҳо соҳиби мукофотҳои намоишгоҳҳои касбӣ, барандаи ҷоизаҳои сершумор, аз ҷумла ҷоизаи «Виктория» дар намоишгоҳи тарроҳони Русия таҳти унвони «Тарроҳии рушноӣ», ҷоизаҳои байналмилалӣ ва аврупоӣ «Барои сифати хизматрасониҳо», лауреати ҷоизаи давлатӣ дар соҳаи рушноии меъморӣ гардидааст ва, бино бар навиштаҳои баъзе расонаҳои чопӣ, — «…ширкати муқарраркунандаи муд дар соҳаи рушноии меъморӣ…» мебошад.

Вехи истории развития Холдинга

Соли 1998. Ширкат боғи воситаҳои нақлиёти махсуси худ – корхонаи «СветоТранс»-ро ташикл кард.

Соли 1999. Дар бораи ҷудо карда шудани корхонаи мустақили «СветоПроект» қарор қабул гардид. Ин самаранокии фаъолиятро ба таври назаррас беҳтар намуд ва имкон дод, ки гардид мол бештар гардад ва сифати хизматрасониҳо беҳтар карда шавад.

Солҳои 1993 – 2002. Ба ширкат бо навбат Корхонаи ботаҷрибаи техникаи рушноии Маскав (1993), Корхонаи маснуоти нурафкани Лихославлский «Светотехника» (1995) ва Корхонаи техникаи рушноии Кадошкинский (2002) ҳамроҳ гардиданд. Акнун ширкат на танҳо дар соҳаи хизматрасонӣ фаъолият мекунад, балки як воҳиди пурқудрати тиҷоратӣ ва саноатиро ташкил медиҳад ва истеҳсолотро бо тавлиди таҷҳизоти мухталифи нурафкан ба роҳ мемонад. Корхонаҳои ЛЗСИ ва КЭТЗ маҳсулотро таҳти тамғаи GALAD истеҳсол мекунанд.

Соли 2002. Маркази савдои БЛ ТРЕЙД ба фаъолият оғоз намуд, ки имрӯз он дистрибютори расмии  маҳсулоти ТМ GALAD ва OPORA ENGINEERING мебошад ва шабакаи дилериро дар саросари Русия ташкил мекунад.

Соли 2003. Дар соҳаи рушноии беруна   барномаи Light-in-Night таҳия ва фаъолона истифода бурда мешавад, ки он барои тарҳрезии равшанкунии роҳҳои нақлиётӣ чорсуҳои бисёртабақа, куӯчаҳо, майдонҳо, боғҳо ва ғайра пешбинӣ гардидааст. Ин ягона нармафзори иҷозадодашуда дар соҳаи техникаи рушноӣ дар Русия мебошад.

Соли 2004. «Светосервис» ба кори пурсамар дар минтақаҳои кишвар оғоз намуд ва дар натиқа гуруҳи ширкатҳо ба вуҷуд омад. Аз ҳама беҳтар ширкатҳои «Светосервис-Кубан» (2004); «Светосервис – Санкт-Петербург» (2005); «Светосервис-вилояти Маскав»(2006), «Светосервис-Қафқози Шимолӣ» (2008); «Светосервис-Сочи» (2009) рушд мекунанд.

Соли 2005.  системаҳои худкори идоракунии рушноии берунии статикӣ ва динамикии меъморӣ (АСУНО) таҳия ва ҷорӣ карда мешаванд. Асбобҳои беназир барои АСУНО, сипарқуттиҳо ва панҷараҳои тақсимотӣ таҳия ва истеҳсол карда мешавад. Аллакай имрӯз ҳудуди сӣ дастгоҳи идоракунии рушноии берунаи статикӣ ва динамикӣ (навъи ШУНО-СС); 5 намуди танзима — тасбитгари шиддати барқ (стабилизатор), 12 намуди дастгоҳҳои худкори нерудиҳандаи рушноии беруна дар истеҳсолот қарор дорад.

Соли 2007. Дар вилояти Тула корхонаи нав – маҷмуаи муосири саноатии ОПОРА ИНЖИНИРИНГ сохта мешавад, ки барои истеҳсоли намудҳои мухталифи конструксияҳои металӣ ва пояҳо (кронштейн) қодир аст. Ҳамаи маҳсулоти ин корхонаҳо зери тамғаи ТМ OPORA ENGINEERING истеҳсол мешаванд.

Соли 2008. Ребрендинги корхона сурат гирифт, ҶДММ ширкати идоракунандаи «БЛ ГРУПП» таъсис дода шуд ва муттаҳидшавии ҳамаи ширкатҳо ба як корпоратсияи бузурги БЛ ГРУПП рух дод.

Соли 2010. Ду филиал дар Маскав ташкил карда шуд: филиалии Ғарбӣ ҶДММ «Светосервис» ва филиали Шарқӣ ҶДММ «Светосервис».

Соли 2011. Барномаи ҳисобкунии арзиши истифодабарии Light-in-Night Service таъсис дода шуд. Бо ёрии он   баҳисобгирии неруи барқи истифодашуда, , мониторинги ҳолати шабакаҳо ва сифати неруи барқ анҷом дода мешавад. Ширкатҳои Корпоратсия ба таҳияи қарорҳои консептуалӣ, ҳам дар миқёси шаҳрҳо ва ҳам иншоотҳои ҷудогонаи меъморӣ, машғул мешаванд. Консепсияҳои рушноӣ барои шаҳрҳои Липетск, Перм, Сургут, Сочӣ таҳия карда шудаанд; консепсияи рушноии Боғи олимпӣ дар Сочӣ, Кремлини Маскав, шоҳроҳи Новий Арбат – хиебони Кутузовский ва ғайра ба истифода дода шудаанд.

Солҳои 2012 – 2016.  Ба раванди таъсиси корпоратсияи пурқудрати саноатӣ ва лоиҳавӣ шуруъи истеҳсоли иловагии пояҳои қубурӣ дар Самара зери тамғаи ТМ OPORA ENGINEERING дар соли 2012, харидории корхонаи Wunschleuchten дар Олмон дар соли 2014 ва ифтитоҳи маркази R&D ва корхонаи  Boos technical lighting S. L. дар Испания дар соли 2016 мусоидат намуд.

Солҳои 2013 – 2015. Давраи нави рушд оғоз ёфт – Корпоратсия ба бозорҳои хориҷӣ роҳ ёфт: намояндагии BL Group Europe GmbH дар Олмон (2013) кушода шуд ва дафтарҳои он дар Ҳиндустон ва АМА (2015) таъсис дода шуданд.

Солҳои 2014 – 2017.  Корпоратсия инкишофи устуворро  дар минтақаҳои Русия нишон дод. Дар соли 2014 корхонаи «Светосервис-ТелеМеханика», дар соли 2016  «Светосервис-Химки» ва дар соли 2017 корхонаи «Светосервис-Волгоград» таъсис дода шуд.

Аз соли 2017 дистрибютори расмӣ ҶДММ «БЛ ТРЕЙД» ба Корпоратсияи байналмилалии техникаи рушноии  «БООС ЛАЙТИНГ ГРУПП» табдили ном кард ва акнун талош дорад, ки мақоми ширкати пешрав дар сатҳи ҷаҳонро ба даст орад.

Мутахассисони корпоратсия фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо як қатор ширкатҳои русиягӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла бо Комиссияи байналмилалии техникаи рушноӣ  (МЭК; International Electrotechnical Commission, IEC), Ассотсиатсияи байналмилалии тарроҳони рушноӣ (International Association of Lighting Designers, IALD), ба роҳ мондаанд ва истифодабарандагони аз ҳама фаъоли хизматрасониҳои маркази санҷишии бузург ва ягона дар соҳаи техникаи рушноӣ дар  Русия -Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии техникаи рушноии ба номи Вавилов  мебошанд.

Дар тамоми давраи мавҷудияти ширкат зиёда аз 8000 лоиҳаҳои рушноии меъморӣ, берунӣ, манзараӣ, варзишӣ ва дохилӣ дар шаҳрҳои зиёди Русия ва хориҷаи наздик амалӣ карда шудааст. Ба объектҳои амалишуда аз ҷумла дохил мешаванд: фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои роҳҳои оҳан, кучаҳо, майдонҳо, роҳи автомобилгард, чорсуҳо, роҳҳои бисёрқабата, саҳни ҳавлиҳо, маҷмаҳои варзишӣ, биноҳои таърихӣ ва иншоотҳои фарҳангӣ. Аз ҷумла: Тоқи нусрат, медианамоҳои (медиафасад) интерактивӣ дар Новий Арбат, Планетарии Маскав, ДДМ ба номи М. В. Ломоносов, театри Мариинский дар Санкт-Петербург ва ғайра.

svetoservis Opora Galad Bl-Trade LIN


BL Group CH FB LiveJ Youtube

Тоҷикӣ Русский